Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПУРИЗМ

ПУРИЗМ

ПУРИЗМ (франсавӣ purisme, аз лотинӣ purus— тоза), кӯшиши теза карда­ни забон аз калимаҳои иқтибосии забонҳои дигар, неологизмҳо ва пешгирии воридоти унсурҳои лек­сикӣ ва грамматикии берун аз нормаи забон (масалан, калимаҳои гуфтугӯӣ, шевагӣ ва ғайра). Пуризм дар давраи барқарор гардидани нормаҳои забони адабӣ зуҳур мекунад ва ба ҷараёнҳои нави сиёсӣ ва маданӣ марбут аст. Дар таърихи инкишоф ва барқарор гардидани забонҳои адабии мамлакатҳои гуногун (Венгрия, Чехословакия, Туркия, Ҳиндустон ва ғайра) ҳодисаи Пуризм мушоҳида шудааст. Доир ба Пуризм ва на­зари пуристӣ ба забон дар Россия (асри 19) баҳсҳо ба миён омадаанд.

Солҳои 20 дар давраи нави инкишоф ва барқарор гардидани нормаҳои забони адабии имрӯзаи тоҷик баҳсҳо дар бораи тозагии забон ва назари пуристӣ ба забони адабӣ пайдо шуда буданд. Баҳсҳои зиёде байни забоншиносон дар масъалаи истифодаи калимаҳои иқтибосии арабӣ ва калимаҳои аз шеваву лаҳҷаҳои гуногун ба забони адабӣ роҳ ёфта мерафт. Худ аз худ аён буд, ки аз калимаҳои иқтибосии арабӣ даст кашидан боиси камбағал шудани таркиби луғавии забони тоҷикӣ мегардид, чунки ин калимаҳо ҳамчун калимаҳои муқаррарии забони тоҷикӣ истеъмол мешуданд. Ба баҳс ва майлҳои пуристӣ С. Айнӣ дар мақолааш (газетаи «Овози то­ҷик», 1928) ҷавоби ҳалкунанда дод. Ӯ ҳуқуқи истеъмол доштани калима­ҳои иқтибосии арабиро тасдиқ карда, аз истифодаи калимаҳои душворфаҳми арабӣ худдорӣ карданро маслиҳат дод. С. Айнӣ шева ва лаҳҷаҳоро дар баробари забони адабиёти класстакии форс-тоҷик яке аз манбаъҳои асосии забони адабии ҳозираи тоҷик мешуморид ва дар истеъмоли унсурҳои умумишавандаи забони гуфтугӯӣ фаъолона иштирок мекард.

Ад.: Бердыева Т., Лексика и грам­матические элементы арабского языка в таджикском, Д., 1968.

Т. Бердиева.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …