Маълумоти охирин

ПУНБА

paxta

ПУНБА, панба, 1) нахест, ки пунбадонаро пӯшондааст. Ниг. низ Нахи пахта, Пахта; 2) пахтаи даҳони шиша; 3) Пунба дар адабиёти ба­деӣ маъноҳои зиёд дорад: пунбадаргӯш (киноя аз гапношунав, ғофил), пунба задан (ҳаллоҷӣ кар­дан), лунба кардан (пароканда кар­дан), рехтани пунба (киноя аз боридани барф), пунбаи суоҳ аз сари мино гирифтан (киноя аз дамидани субҳ), пунба аз гӯш афкандан (ҳушёр шудан, шунаво шудан), пунба дардаҳон ниҳодан (даҳон бастан, хомӯш гардонидан). аз пупба кафанпӯш шудани баногӯш (киноя аз мӯйсафед шудан).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …