Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПӮЛОДӢ Тилло

ПӮЛОДӢ Тилло

tillo-pulodi

ПӮЛОДӢ Тилло (4. 5. 1912, деҳаи Пиши pайони Шуғнон —29. 7. 1974, Душанбе), шоири советии тоҷик. Аз оилаи деҳқони камбағал. Институти давлатии педаго­гии шаҳри Душанберо хатм намудааст (1940). Чанде дар мактабҳои ми­ёна дарс дод. Аз соли 1945 муаллими адабиёти тоҷики Институти педагогии Душанбе буд.

Шеърҳояш аз соли 1935 чоп шудаанд. Мавзӯи ашъори — тасвири ҳаёти гузаштаи мардуми Бададшон ва тараннуми ҳаёти нав, бузургии Ленин ва Октябр, коллективонии хоҷагии қишлоқ, озодии занон, муборизаи зидди бесаводӣ, дӯстии халқзо, қаҳрамониҳои халқи советӣ дар Ҷанги Бузур­ги Ватанӣ ва ғайра мебошад. Соли 1945 достони аввалини Пӯлодӣ «Тӯҳфаи шоир» ба табъ расид. Шеъру достонҳои шоир дар маҷмӯаҳои «Бадахшони озод» (1948), «Номаи бахт» (1958), «Баҳори шодӣ», «Ленин ҳамеша бо мост», «Суруди Октябр» (1967), «Субҳи кишвари ман» (1970) ва ғайра гирдоварӣ шудаанд. Соли 1965 маҷмӯаи «Гулҳои Бадахшон» ва якчанд шеърҳои дигараш дар маҷмӯаҳои «Шоирони Тоҷикистон» (1947) ва «Аз соҳилҳои Панҷ» (1949) ба забони русӣ ба табъ расидаанд. Шеърҳои Пӯлодӣ ба репертуари ҳофизони республика дохил шудаанд. Солҳои зтёд ба ҷамъоварии фолклор ва ашъори шоирони халқӣ машғул буд. Пӯлодӣ до­ир ба фолклор, масъалаҳои таърих ва назарияи адабиёти тоҷик мақолаву рисолаҳо таълиф кардааст. Бо ордени «Нишони фахрӣ», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар солҳои Ҷанги Бузургии Батанӣ» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Аз соли 1940 узви ИН СССР.

Ос.: Рози дил [шеърҳо], Д, 1982.

Ад.: Писатели Таджикистана, Д., 1981.

Н. Шакармамадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …