Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПӮЛОДИ ДИМИШҚ

ПӮЛОДИ ДИМИШҚ

bulat

ПӮЛОДИ ДИМИШҚ, булат, пӯлоди сахти серкарбони рехтаест, ки дорои сохт ва намуди махсус (надқшин) аст. Зуҳӯри сатҳи нақшини Пӯлоди Димишқ ба усулҳои махсуси гудозишу сахтшавии он алоқаманд мебошад. Тайёр кардани Пӯлоди Димишқ аз замонҳои қадим (онро Арасту ном бурдааст) маълум аст. Пӯлоди Димишқро асосан барои тайёр кардани корд, ханҷар, сарнайза, шамшер ва ғайра истифода мебурданд. Пӯлоди Димишқ дар Ҳиндустон бо номи «вутс», дар Осиёи Миёна ва Эрон бо номҳои «тобон», «хуросон», дар Сурия бо номи Димишқ ё пӯ­лоди Димишқ ва дар Европа бо но­ми «булат» маъмул буд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …