Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПУЛИ ҚОҒАЗӢ

ПУЛИ ҚОҒАЗӢ

ПУЛИ ҚОҒАЗӢ, аломатҳои номиналии арзишест, ки дар муомилот пулҳои ҳақиқӣ — тилло, нуқраро иваз мекунанд. Пули қоғазӣ қурби ҳатмӣ дошта, танҳо дар мамлакати муайян ҷорист ва барои адои хароҷоти он хизмат мекунад. Пули қоғазӣ бо тилло иваз намешавад, аз ин рӯ мумкин аст аз муомилот монда, беқурб шавад.

pul

Пули қоғазӣ дар Хитой асри 11, Америкаи Шимолӣ асри 17 ва дар Россия  соли 1769 пайдо шуд. Дар замони бӯҳрони умумии капитализм доираи муомилоти Пули қоғазӣ васеъ шуд. Давлатҳои империалистӣ Пули қоғазиро барои маблағгузорӣ ба мусаллаҳшавии бошитоб, пурра кардани дефитсити бюҷет, бой гардонидани монополияҳо истифода мебаранд. Солҳои 1948—1972 ҳаҷми Пули қоғазӣ дар ШМА аз 26,2 то55 млрддоллар, дар Франсияаз 10 то 82,1 млрдфранк, дар РФГ аз 8,7 (1950 то 43,7 млрд маркаафзуд. Аз ҳад зиёд баровардани Пули қоғазӣ  ба тамоми мамлакатҳои капиталистӣ хос буда, боиси инфлятсия ва воситаи ниҳоии истисмори меҳнаткашон мегардад. СССР солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ ба андозаи зиёд ва дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба миқдори нисбатан кам Пули қоғазӣ баровард.Дар охирҳои ҷанг муомилоти Пули қоғазӣ 3,8 маротиба афзуд.Вале баъди ҷанг (1947 он зуд ба тартиб дароварда шуд. Ниг. низ. Пул.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …