Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СОХТАНИ ПУЛИ ҚАЛБАКӢ

СОХТАНИ ПУЛИ ҚАЛБАКӢ

puli-kalbaki

СОХТАНИ ПУЛИ ҚАЛБАКӢ, бо мақсади ба муомилот ва ё барои фурӯш баровардани пулҳои филизӣ (танга), коғазӣ, коғазҳои қиматноки давлатӣ, ки ба тариқи косибӣ тайёр карда шудаанд. Дар қонунгузории ҳамаи мамлакатҳо Сохтани пули қалбакӣ ҷиноят дониста мешавад. Мувофиқи ҳуқуқи ҷивоятии советӣ барои фурӯш тайёр кардан ва фурӯхтани билетҳои хазинаи давлатӣ, билетҳои Банки давлатии СССР (аломатҳои пули коғазии 1, 3, 5, 10, 25, 50 ва 100 сӯма), пулҳои филизӣ, коғазҳои қиматноки давлатӣ (масалан, обдигацияи займи давлатӣ) ё валютаи хориҷии қалбакӣ, инчунин тағйири аломатҳои ҳақиқии пулӣ ва дигар коғазҳои қиматнок (дигар кардани рақам, ороиши нишондодашуда ва ё шумора) Сохтани пули қалбакӣ дониста мешавад. Барои чуниин амал мувофиқи қонун ҷазо дода мешавад. (мод. 85 Кодекси Ҷиноятии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …