ПУЛ, к ӯ п р у к, иншооти инженериест барои аз болои ягон монеа (дарё, канал, сой, ҷар, дара ва ғайра) гузарондани роҳ. Пулсозӣ аз давраи ғуломдорӣ инҷониб маълум аст. Пешиниён Пулҳоро асосан аз чӯб ва харсангҳо месохтанд. То замони мо вайронаҳои Пулҳои чӯбӣ боқӣ намондаанд. Дар асрҳои миёна сохтмони Пулҳои сангӣ маъмул буд (Рим, Испания, Хитой). Дар Осиёи Миёна низ Пулҳои чӯбӣ ва сангӣ истифода мешуданд. Барои гузаштан аз дарёҳои азим Пулҳои шиновар низ месохтанд. Пулҳои чӯянӣ аввал дар Англия (1779), баъд дар Россия (.1884), Пулҳои овеза (занҷирдор) аввал дар Америка (1796), сипас дар Англия ва Россия сохта шудаанд. Дар территорияи ҳозираи Тоҷикистон низ барои гузаштан аз дарёҳои Вахш («Пули сангин» байни Нораку Тутқавул), Зарафшон (Пулҳои «ларзонак» байни деқаҳои Пастигав — Дашти Хумдон, Дашти Қозӣ—Марғедар ва ғайра ), Кофарниҳон (байни деҳаҳои Роҳатӣ — Янгибозор), Қаратоғ (масалан, кӯпруки назди дарёи Сарипул) ва ғайра Пулҳо истифода мешуданд.
Oxири aсри 19 сохтмони Пулҳои даҳона (пролёт)-ашон гунбазшакл, болорӣ ва ромшакли оҳанубетонӣ вусъат ёфт. Дарозии даҳонаи Пулҳои ҳозира, ки аз оҳанубетон равоқшакл сохта мешаванд, то 300 м мерасад. Macалан, дарозии даҳонаи Пули Володар дар Ленинград 138 м, дарозии даҳонаи кӯпруке, ки дар Запороже аза болои дарёи Днепр сохта шудааст, 228 м мебошад.
Пул асосан аз даҳонаҳо ва пояҳо ташкил меёбад. Дар рӯи даҳонаҳо роҳи нақлиёт, пиёдараҳа, трубопровод ва ғайра ҷой мегирад. Даҳонаҳои мобайнӣ дар болои қисми киштигарди дарё, даҳонаҳои канорӣ қисман дар болои дарё ва қисман дар болои соҳил ҷой мегиранд. Пояҳо низ мобайнӣ ва канорӣ метаванд. Дар Пулҳои оҳану бетонӣ ва сангӣ даҳона ва пояҳо аксар иншооти яклухтро ташкил медиҳанд. Пулҳо вобаста ба системаҳои даҳона болорӣ, равоқдор ва қантара (овезон), вобаста ба масолеҳи он оҳанубетонӣ, чӯбӣ ва металлӣ мешаванд. Пулҳоро инчунин поҷунбон ва мутаҳаррик (ҷудошаванда, болошаванда, шиновар) месозанд (ниг. Пули ҷудошаванда, Пули ҷисрӣ). Дар сохтмони Пулҳо конструксияи муштарак (оҳанубетон ва пӯлод, металл ва оҳанубетон) низ истифода мешаванд. Дар Пулсозии ҳозира асосан оҳанубетон масолеҳи асосӣ аст, зеро он матин, арзон, пурдошт буда, васл карданаш ҳам осон мебошад. Ҳангоми сохтани Пулҳои на он қадар дароз даҳонаҳои тайёрро ба рӯи пояҳо бо ёрии маноракранҳо мегузоранд.
Пулҳои аз болои ҷар, дараҳои беоб ва ғайра гузарондашуда — виадук, Пулҳое, ки барои аз болои ҷару дараҳо гузарондани ғулбаҳо, каналҳои обёриву гидроэнергетикӣ хизмат мекунанд, акведук ном доранд.
Дар Тоҷикистон асосан Пулҳои болорӣ маъмуланд. Барои гузаштани дарёҳои кӯҳӣ бошад, бештар Пулҳои қ а н т а р а (овеза) сохта мешаванд. Пулҳои ҳозираи аз болои дарёҳои Сир (дар шаҳри Ленинобод), Душанбе (дар шаҳри Душанбе), Вахш (дар шаҳрҳои Нораку Кӯрғонтеппа ва pайони Колхозобод), Кофарниҳон (дар pайони Ленин) ва ғайра гузарондашуда асосан аз оҳанубетон сохта шудаанд (ниг. замимаи сад…). Macалан, Пули болои дарёи Душанбе дар кӯчаи ба номи Путовский (дарозии даҳонаҳо 33 м, дарозии умумӣ якҷоя бо эстакадаю путепровод 303,6 м, андозаи роҳи нақлиёт 2X14,5 м, пиёдараҳа 2X4,25 м, муаллифи лоиқа В. П. Кекенадзе) ва Пули болои дарёи Сир дар шаҳри Ленинобод (дарозии даҳонаҳо 42 м, дарозии умумӣ 236 м, муаллифи лоиҳа С. А. Вавилова) ба гурӯҳи Пулҳои болорӣ, купруки болои дарёи Ғунт дар Хоруғ ба гурӯҳи Пулҳои қантара (бо 4 симтаноби ғафсиаш 73 мм) мансубанд.
- X. Раҳматов.