ПУДОВКИН Всеволод Илларионович (28. 2. 1893, Пенза — 30. 6. 1953, Москва), кинорежиссёри советии рус, назариячии кино- Артисти Халқии СССР (1948). Аъзои КПСС аз соли 1939.
Соли 1920 ба Мактаби госкино (ҳоло ВГИК — Институти умумииттифоқии давлатии кинематография) дохил шуд. Фаъолияти режиссёриаш — аз соли 1925. Ба экран баровардани филми «Модар» (1926, аз рӯи романи М. Горкий) дар кинематографияи советӣ ҳодисаи муҳим буд. Филмҳои «Ҳалокати Санкт-Петербург» (1927) ва «Авлоди Чингизхон» (1929) ба бедории револютсионии халқҳо бахшида шудаанд. «Минин ва Пожарский» (1939; Мукофоти давлатии СССР 1941), «Суворов» (1941), «Амирулбаҳр Наҳимов» (1947, Мукофоти давлатии СССР, 1947) дар инкишофи филмҳои таърихӣ роли калон бозидаанд. Солҳои баъди ҷанг филмҳои «Жуковский» (Мукофоти давлатии СССР, 1951) ва «Бозгашти Василий Бортников»-ро ба навор гирифт. Пудовкин аввалин назариячӣ ва мунаққиди кинои советӣ буда, дар офаридани киноэпос хизматҳои шоён кардааст. Аксари филмҳои Пудовкин сазовори мукофоти кинофестивалҳои байналхалқӣ гардидааст. Аъзои Комитети советии муҳофизати сулҳ. Бо ду ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.