Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПТОЛЕМЕЙҲО

ПТОЛЕМЕЙҲО

225px-cameo_gonzaga

ПТОЛЕМЕЙҲО, Л а г и д ҳ о (юнонӣ Ptolemaioi, Lagidai), сулолаи подшоҳоне, ки солҳои 305—30 то мелод дар Мисри эллинӣ ҳукм рондаанд. Асосгузораш Птолемейи I С о т е р, яке аз лашкаркашони Искандари Мақдунӣ, ки соли 323 ҳангоми тақсимоти империяи Искандари Мақдунӣ ҳокими Миср шуда, соли 305 худро подшоҳ эълон кард ва то соли 283 то мелод ҳукм ронд. Дар ҷангҳои хунин ҳудуди подшоҳиро васеъ карда, Киренаика, ҷануби Сурия ва Кипрро зери даст намуд. Дар аҳди Птолемейи II Фи­ладел ф (ҳукмрониаш 285—246) таъ­сири Миср дар қисми шарқии баҳри Миёназамин ниҳоят афзуд. Пойтахти давлати Птолемейҳо— Искандария дар баҳри Миёназамин ба маркази калонтарини тиҷорат, ҳунармандӣ ва маданият табдил ёфт. Роҳҳои тиҷоратӣ бо Африкаи Марказӣ, Арабистон, Ҳиндустон, соҳилҳои баҳр Сиёҳ ва давлатҳои атрофи баҳри Миёназамин аз давлати Птолемейҳо мегузаштанд. Давлати Птолемейҳо дар аҳди Птолемейи III Евергет (солҳои ҳукмрониаш 246—221 то мелод) ба авҷи иқтидори сиёсии худ расид.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …