ПТИ (Petit) Алекси Терез (2. 10. 1791, Везул—21. 6. [1820, Париж), физики франсавӣ. Соли 1809 Мактаби политехникии Парижро хатм кардааст. Аз соли 1810 дар Литсейи Бонапарт дарс гуфтааст. Аз соли 1815 профессори мактаби политехникӣ. Ҳамроҳи П. Л. Дюлонг қонуни гармигунҷоиш (ниг. Қонуни Дюлонг)-ро кашф (1819) ва катетометр (асбоб барои чен кардани масофаи амудии ду нуқта)-ро ихтироъ намудааст.