Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи ПСЕЛ

Дарёи ПСЕЛ

ПСЕЛ, дарёест дар РСФСР в а РССУ, шоҳоби чапи Днепр. Тӯлаш 717 км, масоҳати ҳавзааш 22,8 ҳазор км2. Аз баландии Миёнаи Рус ибтидо ёфта, ба обанбори Днепродзержинск мерезад. Манбааш асосан барф. Псел аз декабр то охирҳои март ва аввали апрел яхпӯш аст. Шохоби калонаш — Хорол (аз рост). Дар соҳилҳои Псел шаҳрҳои Обоян, Суми, Гадяч воқеъ гардидаанд.

psyol

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …