Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПСЕВДОМОРФОЗА

ПСЕВДОМОРФОЗА

ПСЕВДОМОРФОЗА (аэ псевдо… ва юнонӣ morphe — намуд, шакл), шакли қалбакии минералҳоеро гӯянд, ки таркиб ва сохти дарунии онҳо бо намуди зоҳириашон мувофиқат надорад. Псевдоморфоза бо роҳи пур кардани ҷои минерале шусташуда ё ҷойивазкунии химиявӣ ба вуҷуд меояд. Дар ҳар ду маврид ҳам шакли минерали аввали нигоҳ дошта мешавад. Дар просесси ҷойивазкунӣ мумкин аст қисми зиёди мод­даи минералӣ пештара ба Псевдоморфоза гузарад 6 тамоман ҳал шуда равад (масалан, агар пирити кубмонанд дар просесси оксидшавӣ ба лимонит табдил ёбад, псевдоморфозаи лимонити пиритдор ҳосил мешавад; дар ин сурат лимонити аморфӣ шакли кристаллии пиритро мегирад, яъне лимонит ба қолиби куб медарояд). Баъзан Псевдоморфозаи минералҳо ҷои боқимондаҳои организмҳоро пуp карда, шакли онҳоро айнан қабул мекунанд. Омӯхтани Псевдоморфоза барон муайян  намудани қонуниятҳои тағйирёбии минералҳо аҳамияти калон дорад.

psevdomorfoza

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …