ПРОТОТИП (аз юнонӣ protоtypon— манбаи тип, нахустсимо), шахси воқеии муосир ё таърихӣ, ки барои ба вуҷуд овардани образ ё типи мукаммали бадеӣ ба нависанда хизмат мекунад. Шахси воқеӣ дар тасвири бадеӣ на ба сурати аслӣ, балки бо хислату хусусиятҳои мукаммалтару пурратаро тасвир ме ёбад. Образи бадеие, ки зимни лаҳзаҳои ҳаёт, меҳнат ва муборизаи шахси воқеӣ офарида шудааст, ҳамеша аз Прототип фарқ хоҳад кард. Аз ҷумла Прототипи қаҳрмони асосии романи Ҷ. Икромӣ «Духтари оташ»— Фирӯза Саломат Ҷаҳонгирова мебошад.
Дар «насри ҳуҷҷатӣ» ҳадалимкон ба прототип «наздик шудан» дида мешавад, вале дар ин ҳолат ҳам байни қаҳрамон ва Прототип фарқият боқӣ мемонад («Обутоб ёфтани пӯлод»-и Н. Островский) .
Ад.: А н д р о к и н о в а М. И., От прототипа и образу, М., 1974.