Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРОТИВОГАЗ

ПРОТИВОГАЗ

ПРОТИВОГАЗ, ҷиҳозест барои аз таъсири моддаҳои радиоактиву заҳролудкунанда, воситаҳои бактериалӣ ва дигар ғашҳои зарарноки таркиби ҳаво ҳимоя намудани узвҳои нафаскашӣ ва чашму рӯи инсон. Противогаз аз рӯи принсипи ҳимоя ду хел мешавад: софӣ, ки ҳангоми нафаскашӣ ҳаворо аз ғашҳои зарарнок соф (филтр) мокунад ва ирбитӣ, ки  узвҳои нафаскаширо пурра аз муҳити беруна ҷудо (изолятсия) ме­намояд.

protivogas

Противогази софиро соли 1916 химики рус Н. Д. Зелинский ихтироъ кард. Нусхаи ҳозираи Противогази софӣ аз қуттии газсофкунӣ, ниқоб ва сумка иборат аст.

Ҳангоми нафаскашӣ ҳавои заҳролуд ба қуттӣ дохил мешавад. Ҳаво дар софии аэрозолиӣаз зарраҳои аэрозол ва дар қабатҳои ангишти хоса аз буғу газҳои заҳролуд соф мешавад. Ҳавои софшуда бо рӯдаи васлия ба узвҳои нафаскашӣ меояд. Массаи ин Противогаз қариб 2 кг буда, онро муддати дароз истифода бурдан мумкин аст. Ниқоби он бо 4 хел андоза бароварда мешавад.

Противогази ирбитиро мавридҳое истифода мебаранд, ки Противогази софӣ узвҳои нафаскаширо ҳимоя карда наметавонад. Дар ин Противогазҳо одатан пре­паратҳои химиявӣ ё оксигенӣ фишурдашуда истифода мешаванд. Аммо дар ҳар ду ҳолат ҳам на аэ ҳавои беруна, балки оксигени қуттии регенеративӣ (аз нав ҳосилкунии оксиген) нафас кашида мешавад. Массаи Противогаз мавриди истифодаи препаратҳои химиявӣ 4— 4,5 кг ва муддати истифодаи он 1—3 соат аст. Дар мавриди истифода бурдани оксигени фишурдашуда массаи Противогаз тақрибан 9 кг ва муддати истифодааш 1—2 соат мебошад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …