ПРОПОЛИС (юнонӣ propolis), уза, сириши занбӯр, моддаи часпаки зафтмонанди хушбӯест, ки занбӯри асал ҳосил мекунад. Занбӯри асал моддаҳои зифтмонандро аз муҷаи буттаву дарахтон мегирад ва аз онҳо Прополис ҳосил мекунад.
Таркиби химиявии Прополис ҳар хел мешавад. Прополис ба ҳисоби миёна 50— 55% зифти растанӣ, 8—10% равғани эфир ва қариб 30% мум дорад. Муми прополисдор аз муми табиии занбӯри асал (ниг. Муми занбӯри асал) бо нармӣ ва бӯи махсусаш фарқ мекунад. Коэффитсиен- TU сохти муми прополисдор назар ба муми табиии занбӯри асал 4 маротиба паст аст. Аз Прополис марҳам ва равғани молидание тайёр мекунанд, ки барои табобати ҷароҳат, шукуфа ва дигар касалиҳои пӯст истифода мешаванд. Бо маҳлули спиртии Прополис як қатор касалиҳои шушу меъдаро муолиҷа мекунанд.