Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРОГРАММАИ ИСТЕҲСОЛӢ

ПРОГРАММАИ ИСТЕҲСОЛӢ

ПРОГРАММАИ ИСТЕҲСОЛӢ, дар хоҷагии сотсиалистӣ супорпши истеҳсолот ва фурӯши миқдори муайяни маҳсулоте, ки мувофиқи но­менклатура ва сифат муқаррар кар­да шудааст; соҳаи муҳимми плани давлатии тараққиёти хоҷагии халқ, плани соҳа ва корхона (иттиҳодия). Ҳангоми тартиб додани Программаи истеҳсолӣ тала­боти ба маҳсулот доштан хоҷагии халқ ва аҳолиро ба назар мегиранд. Инчунин таносуби зарурии байни соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва алоқаҳои байнирайонӣ (мувофиқи ҷой­гиршавии он) ба назар гирифта ме­шавад.

programmai-istehsoli

Дар СССР шакли асосии планкатии Программаи истеҳсолӣ планҳои  панҷсола мебошанд, ки ба солҳо тақсим карда мешаванд. Программаи истеҳсолиро дар плани панҷсола мувофиқи номенклатураи муттаҳида тартиб медиҳанд, ки он дар плани панҷсола аниқ мегардад. Дар планҳои хоҷагии халқи СССР ва республикаҳои иттифоқӣ Программаи истеҳсолии саноат бо ҳаҷму суръати афзоиши маҳсулотӣ ба гурӯҳҳои «Л» ва «Б» тақсимшиванда ва номгӯи маснуоти муҳимтарини натуралӣ аз рӯи содаҳои ҷудогона тавсиф мешавад. Нишондодҳои асосии Программаи истеҳсолӣ дар плани хоҷагии халқ маҳсулоти умумӣ мебошанд. Дар Программаи истеҳсолии соҳа ҳаҷм ва номенклатураи маҳсулотеро, ки бояд ҳатман тайёр карда фурӯхта шавад, нишон медиҳанд. Планҳои панҷсола ва солонаи корхонаҳо (иттиҳодияҳо)-ро мувофиқи ҳаҷми истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот дар асосӣ супоришоти давлатӣ тартиб медиҳанд. Навъҳои гуногуни маҳсулот, яъне номгӯи навъҳо, артикул, ҳаҷм, фасон ва расмро дар шартномаҳои байни истеҳсолкунаяда ва истеъмолкунандагон нишон медиҳанд. Ҳаҷми маҳсулоти фурӯхташуда ва номенклатураи муҳимтарин нишондиҳандаҳои тасдиқшавандаанд; маҳсулоти умумӣ ва молӣ ҳисобест, ки худи корҳона муайян мекунад ва барои асоснок кардани нишондиҳандаҳои тасдиқшаванда истифода бур­да мешавад. Программаи истеҳсолии солонаи корхонаро мувофиқи давраҳои планӣ, инчунип сехҳо, участкаҳо ва ҷойҳои корӣ тақсим мекунанд.

Ад.: М а з а л о в Е. В., План произ­водства и реализации продукции, М., 1972.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …