Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРОФЕССОР

ПРОФЕССОР

professor

ПРОФЕССОР (лотинӣ professor — муаллим), унвони илмӣ, вазифаи муаллими мактаби олӣ ё ходими муассисаи илмист. Истилоҳи «Профессор» бори аввал дар империяи Рим истифода шуд (миёнаи асри 1 то мелод охири асри 5 мелод), ки дар он муаллими мактабҳои грамматикию баёни нутқро Профессор меномиданд. Асрҳои 17—18 унвони Профессор дар мактабҳои Россия ҳам расм шуд. Дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии СССР доир ба додани унвони Профессор аввал комиссияҳои квалификатсионии комиссариатҳои халқӣ қарор мекарданд. Бо қарори СКХ СССР аз 26 апрели 1938 функсияҳои он ба Комиссияи олии аттестатсионӣ дода шуд. Унвони Профессор ҳоло мувофиқи «Низомномаи оид ба тартиб додани дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ», ки Совети Вазирони СССР аз 29 декабри 1975 тасдиқ кардааст, дода мешавад. Профессорро советҳои махсуси илмии мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ пешниҳод мекунанд. Дар РСС Тоҷикистон ҳоло (1985) 169 Профессор ҳаст. Дар баъзе мамлакатҳо (масалан, Австрия, Белгия, Югославия, РФГ ва ғайра) муаллимони мактаби миёнаро низ Профессор меноманд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …