Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОСЕССҲОИ ГЕОХИМИЯВӢ

ПРОСЕССҲОИ ГЕОХИМИЯВӢ

ПРОСЕССҲОИ ГЕОХИМИЯВӢ, просессҳои химиявии қишри Замин, ки дар шароитҳои эндогенӣ ва эк­зогенӣ ба вуқӯъ меоянд.

slide0072-1

Просессҳои эндогенӣ дар чуқуриҳои амиқ ҳангоми тағйирёбии доимии ҳарорату фишор ва набудани оксигени озод рӯй медиҳанд. Дар ибтидои просесси эпдогенӣ қишри Замин ба табақаҳои базалтӣ (поёнӣ) ва гранитӣ (болоӣ) ҷудо мешавад. Аз тағйирёбии магмаи базалтӣ элементҳои химиявии таркиби он ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд. Баъди хунук ва шах шудани магма даставвал пайвастҳои оҳан, магний, хром, титан, никел, кобалт, силитсий, инчунин платина ва элемептҳои гурӯҳи он ба мине­рал табдил меёбанд. Ҳангоми ҳунукшавии магма рӯй додани Просесси геохимиявӣ боиси пайдоиши ҷинсҳои гуногуни магмавӣ ва конҳои маъдан мегардад.

Просессҳои экзогенӣ дар қисмҳои болоии замин аз таъсири оксигенӣ озод, просессҳои коллоидшавӣ ва фаъолияти меҳнатии инсон ба амал меоянд. Бино ба таснифи А. Е. Ферсман просессҳои экзогенӣ 10 хел мешаванд: 1) гипергенези қаърӣ — фарсоиш: 2) педогенез — ҳосилшавии қабати хок; 3) сингенез — дар қаъри қавзаҳои об ҷамъ шудани таҳнишастҳо; 4) диагенез — ба ҷинсҳои кӯҳӣ табдил ёфтани таҳнишастҳои гуногун; 5) катагенез — ивазшавии атомҳо дар ҷинсҳои таҳшинӣ; 6) галогенез— аз маҳлулҳои табиӣ таҳшин шудани намакҳо; 7) гидрогепез — аз таъсири об дар ҷинсҳои кӯҳии ҳалшаванда ҳосил шудани ғор ва дигар ковокиҳо; механогенез — аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчидани элемент ё ки мине­ралҳо («конҳои пошхӯрдаи тилло, касситерит, сиркоп, илменит ва алмос маҳсули ҳамин просессанд); биогенез — ба туфайли фаъолия­ти организмҳо ҷойивазкунии элементҳо; 10) техногенез — просессе, ки ба фаъолияти меҳнатии одамон вобаста аст (кандани кон, гудохтани маъдан, ба киштзорҳо нуриҳои маъданӣ рехтан ва ғайра). Пайдоиши баъзе элементҳо Просесси геохимиявӣ махсусро талаб мекунад. Масалан, просесси галогенез барои пайдоиши калий, натрий, магний, сулфати хлор; просесси биогенез барои пайдо шудани карбон, азот, фосфор, йод, бром, сулфур роли муҳим мебозанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …