Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРЖЕВАЛСКИЙ Николай Ми­хайлович

ПРЖЕВАЛСКИЙ Николай Ми­хайлович

prjevalskiy-n-m

ПРЖЕВАЛСКИЙ Николай Ми­хайлович (12. 4. 1839, деҳаи Кимборовои губернийи Смоленск —1. 11. 1888, Қарокӯл, ҳозира шаҳри Пржевал­ский РСС Қирғизистон), сайёҳ ва географи рус, тадқиқотчии Осиёи Марказӣ, генерал-майор (1886). Дар оилаи заминдори хурд таваллуд ёфтааст.

Академики Штаби Генералиро хатм кардааст          (1863).

Солҳои 1867—1869 ба кишвари Уссурий ва 1670—1685 ба Осиёи Маркази 4 экспедитсия гузаронд: экспедитсияи якум (1870—1873) ба Муғулистон, экспедитсияи дуюм (1876—1877) ба Лобвор ва Ҷунгария, экспедитсияи сеюм (1879—1880) ва чорум (1883— 1885) ба Тибет. Дар ин муддат ӯ қариб 30 ҳазор км роҳро тай намуд. Дар аввали экспедитсияи панҷумаш Пржевалский дар наздикии Иссиқкӯл вафот кард. Хулосаҳои ялмип ӯ дар як қатор асарҳояш гирд оварда шудаанд. Пржевалский табиат, релеф, иқлим, дарёю кӯл, олами ҳайвоноту набототи территорияҳои омӯхтаашро пурра тисвир кардааст. Пржевалский тарзи ҷойгиршавии қаторкӯҳҳои калони Осиёи Марказиро муқаррар ва як қатор қаторкӯҳҳои навро кашф намуд, ҳудудҳои шимолии кӯҳсори Тибетро муайян ва кӯлҳои Лобнору Кукунорро тадқиқ кард. Дар рафти экспедитсияҳо бисёр коллексияҳои зоологӣ (қариб 7,5 ҳазор намуди ҳайвонҳои ширхур, паррандаҳо, хазандаҳо, обию хокиҳо ва моҳиҳо, шутур ва аспҳои ёбоӣ, инчунин аспи Пржевалский ва дигар на­муди мӯҳрадорон), ботаникӣ (гер­барий иборат аз 15—16 ҳазор адад растаниҳо), минералогӣ ва этнографиро гирд овард. Ҷамъияти географии рус соли 1891 медали нуқра ва мукофотӣ ба номи Пржевалскийро таъсис на­муд; соли 1946 медали тиллоӣ ба номи Пржевалский  таъсис ёфт. Як қатор объектҳои географӣ, аз ҷумла шаҳре дар РСС Қирғизистон, қаторкӯҳ дар системаи каторкӯҳҳои Кунлун, пирях дар Олтой ва ғайра, боз чанд растанию ҳайвонҳо Пржевалский номида шудаанд. Ба шарафи Пржевалский дар наздикии Иссиқкӯл (дар паҳлӯи қабраш) ва шаҳри Ленинград ҳайкали ёдгорӣ гузошта шудааст.

Ас.:       Путешествие в Уссурийском крае 1867—1869, М., 1947; Монголия и страна тангутов. Трехлетнее путешест­вие в Восточной нагорной Азии, М., 1946; От Кульджи за Тянь-П1ань и на Лобнор, М., 1-947; От Кяхты на истоки Желтой реки. Исследование северной окраины Тибета и путь через Лобнор по бассейну Тарима, М., 1948.

Ад.: Мурзаев Э. М., Н. М. Прже­вальский (2 изц.), М., 1953; Гаври­ленко В. М., Русский путешественник Н. М. Пржевальский, М., 1974.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …