ПРИПЯТ, Припет, Струмен, дарёест дар РССБ ва РССУ, шохоби рости дарёи Днепр. Тӯлаш 775 км, масоҳаташ ҳазаааш 114,3 ҳазор км2. Аз шимолу ғарбтари шаҳри Ковел ибтидо ёфта, ба обанбори Киев мерезад ва қисми зиёдаш аз пастии ботлоқзору бешазори Полесия мегузарад. Шохобҳои калонаш: аз рост — Стоход, Стир, Горип, Уборт, Уж; аз чап — Яселда, Лан, Случ, Птич. Манбааш бештар оби барф. Сарфи солонаи об ба ҳисоби миёна 460 м3/сония. Давраи обхезиаш март — апрел. Миёнаҳои декабр ях баста, охирҳои март яхаш об мешавад. Припят аз резишгоҳаш 500 км поёнтар киштигард аст. Дар Припят салкашӣ ва моҳидорӣ (симмоҳӣ, карас, шӯртан, хормоҳӣ ва ғайра) ривоҷ ёфтааст. Припятро канали Днепр — Буг бо дарёи Висла ва канали Днепр — Неман бо дарёи Шара (шохоби Неман) мепайвандад. Дар соҳилҳои Припят – шаҳрҳои Пинск, Петриков, Мозир, Наровля, Чернобил воқеъ гардидаанд.
Инчунин кобед
Деҳаи САҒИРДАШТ
САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …