ПРИНСИПАТ (лотинӣ principatus, аз princeps — якум, сардор, роҳбар), дар адабиёти таърихӣ истилоҳ барои ифодаи шакли махсуси мутлақияти давраҳои аввали Империяи Рими Қадим (27 то мелод—193 мелодӣ), ки дар он расман баъзе идораҳои республикавӣ боқӣ монда, император принсипат номида мешуд. Системаи Принсипат дар ақди Август, ки давлати ӯ дар натиҷаи муттаҳид шудани магистратураҳои гуногун ба вуҷуд омад, ташаккул ёфт. Август ва ворисони ӯ, ки принсепси сенат буданд, дар як вақт ҳокимияти гражданӣ (трибуни халқии якумра) ва ҳарбиро дар дасти худ нигоҳ медоштанд. Сохти республикавӣ: сенат, комитсияҳо (маҷлисҳои халқӣ), магистратураҳо (ғайр аз сензорҳо) расман боқӣ монд. Вале онҳо аҳамияти сиёсии пештараи худро гум карданд, зеро интихобот ва фаъолияти онҳоро принсепс ба тартиб медаровард. Ҳокимияти асосӣ дар ихтиёри аппарати бюрократии император буда, аъзоёни ҳайаташ зиёд ва фаъолияти онҳо торафт васеъ мешуд.