Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРЕЗИДИУМИ СОВЕТИ ОЛИИ СССР

ПРЕЗИДИУМИ СОВЕТИ ОЛИИ СССР

ПРЕЗИДИУМИ СОВЕТИ ОЛИИ СССР, органи доимоамалкунандаи Совети Олии СССР. Президиум аз тарафи Со­вети Олии СССР дар маҷлиси якҷояи ҳар ду палата дар сессияи якуми даъвати навбатӣ аз ҳисоби депутатҳо интихоб мешавад. Ин орган дар давоми тамоми фаъолияташ ба Со­вети Олӣ ҳисобот дода, дар давраи байни сессияҳо вазифаҳои органи олии ҳокимияти давлатии СССР-ро дар ҳамон доирае, ки Конститутсия пешбинӣ кардааст, иҷро мекунад. Ҳайати Президиум аз Раиси Президиум, ҷонишини якуми Раис, 15 нафар ҷонишинони Раис, (1 нафарӣ аз ҳар як республикаи иттифоқӣ), Котиби Президи­ум ва 21 аъзо иборат аст. Мувофиқи Конститутсияи СССР (1977) вазифаҳои Президиум аз инҳо иборатанд: таъини интихоботи Совети Олии СССР; даъвати сессияҳои Совети Олии СССР; ба ҳам мутобиқ намудани фаъолияти комиссияҳоя доимии палатаҳои Совети Олии СССР; таъмини мувофиқати конститутсияҳо ва қонунҳои республикаҳои иттифоқӣ ба Конститутсия ва қонунҳои СССР; шарҳи қонунҳои СССР; тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналхалқӣ; бекор кардани қарору амрномаҳои Совети Вазирони СССР ва Советҳои Вазирони республикаҳои иттифоқӣ дар мавриди ба қонун мувофиқат накарданашон; муқаррар кардани унвонҳои ҳарбӣ, рутбаҳои дипломатӣ ва унвонҳои дигаримахсус; додани унвонҳои олии ҳарбӣ рутбаҳои дипломатӣ ва унвонҳои дигари махсус; таъсис кардани ордену медалҳои СССР ва мукофотонидан бо онҳо; муқаррар кардан ва додани номҳои фахрии СССР; ба гражданияти СССР қабул кардан, ҳал карда­ни масъалаҳо дар бораи баромадан аз гражданияти СССР ва маҳрум кардан аз гражданияти СССР, дода­ни паноҳгоҳ; баровардани актҳои умумииттифоқӣ дар бораи афви умумӣ ва шахсӣ; таъин ва ҷеғ задани намояндагони дипломатии СССР дар давлатҳои хориҷӣ ва дар назди ташкилотҳои байналхалқӣ; қабул кар­дани номаҳои таъин шудаи ва ҷеғ зада гирифтани намояндагони дип­ломатии давлатҳои хориҷии дар наздаш ваколатдор; ташкили Совети мудофиаи СССР ва тасдиқи ҳайати он, таъин ва ивази ҳайати фармондеҳони олии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР; ба манфиати мудофиаи СССР дар маҳалҳои алоҳида ё дар тамо­ми мамлакат эълон кардани вазъияти ҳарбӣ; эълони сафарбарии умумӣ ва ҷузъӣ; дар давраи байни сессияҳои Совети Олии СССР дар су­рати ҳуҷуми ҳарбӣ ба СССР ё дар сурати зарурати иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаҳои байналхалқӣ барои аз таҷовуз мудофиа кардани ҳамдигар, эълон кардани ҳолати ҷанг; ба ҷо овардани дигар ваколатҳо, ки Кон­ститутсия ва қонунҳои СССР муқаррар кардаанд. Президиуми Совети Олии СССР дар давраи байни сессияҳои Совети Олӣ дар мавриди зарурат ба актҳои қонунгузории ҷо­рии СССР тағйирот медарорад; тағйири ҳудудҳои байни республикаҳои иттифоқиро тасдиқ мекунад; бо таклифи Совети Вазирони СССР вазоратҳои СССР ва комитетҳои давла­тии СССР-ро ташкил мекунад ва барҳам медиҳад; мувофиқи пешниҳоди Раиси Совети Вазирони СCCP шахсони ба ҳайати Совети Вазиро­ни СССР дохилбударо аз вазифа озод ё ба вазифа таъин мекунад ва баъд ҳамаи онҳоро дар сессияи навбатӣ ба тасдиқи Совети Олӣ пешниҳод мекунад. Президиуми Совети Олии ССОР указҳо бароварда, қарорҳо қабул мекунад.

flag-sssr

Президиуми Совети Олии СССР дар сурати ба охир расидани вако­лати Совети Олии СССР то вақти аз тарафи Совети Олии азнавинтихобшудаи СССР ташкил додани ҳайати нави Президиум ваколаташро нигоҳ медорад. Республикаҳои иттифоқию автономӣ ҳам Президиумҳои Советҳои Олӣ доранд, ки вазифаҳои онҳоро конститутсияҳои республикаҳои дахлдор муайян мекунанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …