Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПРЕЗИДИУМИ СОВЕТИ ОЛИИ СССР

ПРЕЗИДИУМИ СОВЕТИ ОЛИИ СССР

ПРЕЗИДИУМИ СОВЕТИ ОЛИИ СССР, органи доимоамалкунандаи Совети Олии СССР. Президиум аз тарафи Со­вети Олии СССР дар мачлиси якчояи хар ду палата дар сессияи якуми даъвати навбати аз хисоби депутатхо интихоб мешавад. Ин орган дар давоми тамоми фаъолияташ ба Со­вети Оли хисобот дода, дар давраи байни сессияхо вазифахои органи олии хокимияти давлатии СССР-ро дар хамон доирае, ки Конститутсия пешбини кардааст, ичро мекунад. Хайати Президиум аз Раиси Президиум, чонишини якуми Раис, 15 нафар чонишинони Раис, (1 нафари аз хар як республикаи иттифоки), Котиби Президи­ум ва 21 аъзо иборат аст. Мувофики Конститутсияи СССР (1977) вазифахои Президиум аз инхо иборатанд: таъини интихоботи Совети Олии СССР; даъвати сессияхои Совети Олии СССР; ба хам мутобик намудани фаъолияти комиссияхоя доимии палатахои Совети Олии СССР; таъмини мувофикати конститутсияхо ва конунхои республикахои иттифоки ба Конститутсия ва конунхои СССР; шархи конунхои СССР; тасдик ва бекор кардани шартномахои байналхалки; бекор кардани карору амрномахои Совети Вазирони СССР ва Советхои Вазирони республикахои иттифоки дар мавриди ба конун мувофикат накарданашон; мукаррар кардани унвонхои харби, рутбахои дипломати ва унвонхои дигаримахсус; додани унвонхои олии харби рутбахои дипломати ва унвонхои дигари махсус; таъсис кардани ордену медалхои СССР ва мукофотонидан бо онхо; мукаррар кардан ва додани номхои фахрии СССР; ба гражданияти СССР кабул кардан, хал карда­ни масъалахо дар бораи баромадан аз гражданияти СССР ва махрум кардан аз гражданияти СССР, дода­ни панохгох; баровардани актхои умумииттифоки дар бораи афви умуми ва шахси; таъин ва чег задани намояндагони дипломатии СССР дар давлатхои хоричи ва дар назди ташкилотхои байналхалки; кабул кар­дани номахои таъин шудаи ва чег зада гирифтани намояндагони дип­ломатии давлатхои хоричии дар наздаш ваколатдор; ташкили Совети мудофиаи СССР ва тасдики хайати он, таъин ва ивази хайати фармондехони олии Куввахои Мусаллахи СССР; ба манфиати мудофиаи СССР дар махалхои алохида ё дар тамо­ми мамлакат эълон кардани вазъияти харби; эълони сафарбарии умуми ва чузъи; дар давраи байни сессияхои Совети Олии СССР дар су­рати хучуми харби ба СССР ё дар сурати зарурати ичрои ухдадорихои шартномахои байналхалки барои аз тачовуз мудофиа кардани хамдигар, эълон кардани холати чанг; ба чо овардани дигар ваколатхо, ки Кон­ститутсия ва конунхои СССР мукаррар кардаанд. Президиуми Совети Олии СССР дар давраи байни сессияхои Совети Оли дар мавриди зарурат ба актхои конунгузории чо­рии СССР тагйирот медарорад; тагйири худудхои байни республикахои иттифокиро тасдик мекунад; бо таклифи Совети Вазирони СССР вазоратхои СССР ва комитетхои давла­тии СССР-ро ташкил мекунад ва бархам медихад; мувофики пешниходи Раиси Совети Вазирони СCCP шахсони ба хайати Совети Вазиро­ни СССР дохилбударо аз вазифа озод ё ба вазифа таъин мекунад ва баъд хамаи онхоро дар сессияи навбати ба тасдики Совети Оли пешниход мекунад. Президиуми Совети Олии ССОР указхо бароварда, карорхо кабул мекунад.

flag-sssr

Президиуми Совети Олии СССР дар сурати ба охир расидани вако­лати Совети Олии СССР то вакти аз тарафи Совети Олии азнавинтихобшудаи СССР ташкил додани хайати нави Президиум ваколаташро нигох медорад. Республикахои иттифокию автономи хам Президиумхои Советхои Оли доранд, ки вазифахои онхоро конститутсияхои республикахои дахлдор муайян мекунанд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …