Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кӯли ПРЕСПА

Кӯли ПРЕСПА

ПРЕСПА (Prespa), кӯлест дар қисми ғарбии нимҷазираи Балкан, дар Юго­славия, Албания ва Юнон. Дар ҳамин тектоникии байникӯҳӣ, дар баландии 853 м воқеъ аст. Масоҳаташ 285 км2, чуқуриаш то 54 м. Соҳилҳояш дар Ҷануб ва Ғарб баланди шахдор буда, дар қисмҳои боқимонда пас­ту ҳамвор аст. Тавассути сои обгузар (тӯлаш 1 км) бо кӯли Микри Преспа алоқаманд аст. Оби кӯл бо ғори зеризаминӣ ба кӯли Охрид, ки аз Преспа 16 км шимол ғарбтар ва 158 м поёнтар аст, ҷорӣ мешавад. Сатҳи об соле 1,5—2 м тағйир меёбад. Аз кӯл моҳӣ медоранд.

prespa

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …