Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРАСАД Ҷайшанкар

ПРАСАД Ҷайшанкар

ПРАСАД Ҷайшанкар (10. 1. 1889, Банорас—15. 11. 1937, ҳамон ҷо), нависандаи ҳинду. Ба забони ҳиндӣ менавишт. Прасад дар инкишофи назм ва драматургияи ҳиндӣ саҳми арзандае дорад. Ӯ яке аз идеологҳои равияи романтикии символистӣ дар адабиёти Ҳиндустон (солҳои 20—30) мебошад. Дар эҷодиёти Прасад масъалаҳои некӣ ва бадӣ, инсон ва табиат, хирад ва ҳиссиёт мавқеи муҳим доранд; нависанда ин масоилро аз нуқтаи назари ахлоқи динӣ ва фалсафӣ шарҳ додааст. Прасад ҳама гуна динҳоро рад намуда, ишқро тавсифу тараннум мекард ва дини ягона меҳисобид. Дар эҷодиёти Прасад як рӯҳияи яъсу ноумедӣ — анҷоми фоҷиаангези воқеаҳо ҷой дорад, ки он дар натиҷаи дуруст дарк накардани мабдаъ ва моҳияти зулму бадкирдориҳо cap задааст. Дар пэсаҳои Прасад асосан ҳаёти воқеӣ инъикос ёфтааст. Драмаҳои психологии Прасад дар асоси сюжетҳои қадимии ҳиндӣ эҷод шудаанд: «Аҷаташатру» (1922), «Скандагупта»  (1928), «Чандрагупта» (1931) ва ғайра.

Ос.:       Шинваи санг (Ҳикоя), «Тоҷикистони Советӣ», 1969, 25 октябр.

Ад.: Потабенко С., Джайшаккар Прасад, дар кит.: Литературы Индии, м., 1958; Вишневская Н. А., Новое поэтическое направление в литературе хинди — чхаявад, дар кит.: Проблемы те­ории литературы и эстетики в странах Востока, М., 1964.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …