Маълумоти охирин

ПРАКРИТ

ПРАКРИТ, пракритҳо, номи умумии забонҳо ва лаҳҷаҳои давраи миёнаи гурӯҳи забоҳои ҳиндӣ (ҳиндуориёнӣ)-и Ҳиндустон, ки марҳилаи тараққии шеваҳои қадими ҳиндуевропоиро идома дода, ба ривоҷи забонҳои нави ҳиндӣ бунёд гузоштаанд. Нахустин намунаи матни хатии Пракрит ба асри 3 то мелод тааллуқ дорад. Дар аввал Пракрит забонҳон гуфтугӯии омма буданд ва бо ин хусусияташон аз санскрит фарқ мекунанд; «пракрта» — табиӣ, оддӣ, «самскрта»—сандал додашуда, сунъӣ. Баъдтар Пракритҳо ба забонҳои адабӣ табдил ёфта, се марҳилаи инкишофро (ибтидоӣ, миёна ва охирин) аз cap гузаронидаанд. Ба забонҳои маъмули марҳилаи аввал забони ёдгориҳои буддоӣ — палӣ, Пракритҳои сангнавиштҳои шоҳ Ашока, пайшачии ибтидоӣ ва матнҳои эпиграфикии ҷудогона дохил мешаванд. Дар марҳилаи миёна Пракритҳои адабӣ — шаурасени, магадҳи, маҳараштри маъмул буданд. Забони марҳилаи охирин апабҳранша (аз асри 5) мебошад. Ҳуҷҷатҳои дар Туркистони Шарқӣ бадастомада, ки ба забони кҳароштҳи мураттаб гардиданд, ба Пракрит ман­субанд. Пракрити адабӣ дар пэсаҳои драматург ва санъаткори бузургӣ Ҳиндустони Қадим Калидаса, дар асарҳои Бҳаса ва дигар истифода шу­дааст. Хусусиятҳои фонетикии Пракрит сонантҳо ва дифтонгҳо вуҷуд надоранд; дар ҳолати интервокалӣ ҳамсадоҳо тағйир меёбанд; калимаҳо аксаран бо садонок (ҳиҷои кушода) ба итмом мерасанд. Хусусиятҳои морфологӣ: аз байн рафтани шумораи дугона, бандакҳои шахсии феъли замони гузашта; ба ҳам наздик шудани асосҳои исм ва феъл; монанд шудани шаклҳои падежӣ ва ғайра. Дар синтаксис тамоюли аналитикӣ— истифодаи калимаҳои ёридиҳанда барои ифодаи маъноҳои падежӣ, ис­тифодаи сифатҳои феълии ифодакунандаи намуд ва ҷинс дар замони гузашта ва ғайра ба назар мерасанд.

Ад.: Вертоградова В. В., Прак­риты, М., 1978.

М. Усмонов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …