Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОТЁМКИН Григорий Александрович

ПОТЁМКИН Григорий Александрович

potemkin-g-a

ПОТЁМКИН Григорий Александро­вич (24. 9. 1739, деҳаи Чижовой уез­ди Духовшина, ҳозира вилояти Смо­ленск— 16. 10. 1791, райони Ясси), хо­дими давлатӣ ва ҳарбии рус, дипломат, генерал-фелдмаршал (1784). Аз оилаи офитсер. Соли 1755 Потёмкин ба рӯйхати гвардиячиён дохил шуда, барои дар табаддулоти дарборӣ, ки Екатерииаи Потёмкинро ба тахт нишонд (1762), иштирок кардан унвони под­поручики гвардияро гирифт. Соли 1767 дар кори Комиссияи маҷмӯаи қонунҳо иштирок кард. Барои шуҷоат дар ҷанги русу турк (1768—1774) рутбаи генералро гирифт. Баъди бо Екатеринаи II наздик шудан (1770) Потёмкин  ҷоиб-президеити Коллегияи ҳарбӣ таъин шуда, ба унвони граф соҳиб шуд, генерал-адъютант (1774) ва сардори қӯшунҳои ғайринизомӣ гардид. Соли 1774 шӯриши Е. И. Пу­гачёв-ро пахш кард. Соли 1776 генерал- губериатори губ. Новороссийск, Азов ва Астрахан. Соли 1783 лоиҳаи ба Россия ҳамроҳ кардани Қримро, ки худаш сохта буд, ба амал баровард ва соҳиби унвони князи накӯӣ Тав­рия гардид. Бо роҳбарии Потёмкин дар баҳри Сиёҳ сохтмони флотҳои ҳарбӣ ва тиҷоратӣ ба роҳ монда шуд. Соли 1784 президенти Коллегияи ҳарбӣ таъин гардид. Ҳангоми ҷанги русу турк (1787—1791) фармондеҳи армия буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …