Маълумоти охирин

ПОШШО

ПОШШО, пошо, унвони фахрии амалдорони гражданӣ ва ҳарбӣ дар империяи Усмония. Аввалҳо бекларбегӣ ва дигар мансабдорони оиб ба ин унвон сазовор мегардиданд. Баъди ислоҳоти асри 19 (Танзимат) ва ташкил ёфтани армияи мунтазам ба генералҳо ва вазирҳо низ медоданд. Баъди таъсиси республикаи Туркия (1923) танҳо генералҳо ба ин унвон соҳиб мешуданд. Унвони Пошшо дертар дар Туркия (1934), Миср (1952) ва Ироқ (1958) бекор карда шуд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …