Октябр, посёлкаи типи шаҳриест (аз 28 марта 1939) дар pайони Ҳисори РСС Тоҷикистон .27 километр ғарбтари маркази район воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳан (Чиптӯра). Аҳолиаш 5840 нафар (1981), тоҷикон, ӯзбекҳо, русҳо, тоторҳо ва ғайра. Қисми зиёди аҳолиро коргарон ва хизматчиён ташкил медиҳанд.
Дар посёлка 1 омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, 2 мактаби миёна, китобхона, клуб, кинотеатр, 2 касалхона, пункти тиббӣ, 8 магазин, ошхона, 2 шӯъбаи_ алоқа ва нуқтаҳои хизмати маишӣ мавҷуданд. Дар Октябр ва атрофи он заводи консерви меваю сабзавот, фабрикаи паррандапарварӣ, совхози ниҳолпарварӣ ҷой гирифтаанд.