Обикиик, посёлкаест дар райони Куйбишеви, вилояти Қӯрғонтеппа маркази Совети қишлоқ Обикиик. Территория совхози «Съезди 24-уми партия»; Аз посёлка то маркази район 47 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2550 нафар (1981), тоҷикон, ӯзбекҳо ва ғайра.
Посёлка мактаби миёна, клуб, кинотеатр, китобхона, касалхона, боғчаи бачагон, шуъбаи алоқа, ошхона, 5 магазин, ҳаммон ва комбинати хизмати маишӣ (сехҳои либосдӯзӣ, пойафзолдӯзӣ, сартарошхона) дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз канали Ёвону Обикиик обёрӣ мешаванд.