Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПОРТУ

Шаҳри ПОРТУ

ПОРТУ, Опорто (Porto, Oporto), шаҳрест дар шимоли Португалия, дар наздикии резишгоҳи дарёи Дору (Дуэро) ба уқёнуси Атлантик. Маркази маъ­мурии кишвари Порту ва музофоти Дору — Литорад. Баъди Лисабон дуюмин шаҳри сернуфусу мутараққии мамлакат. Аҳолиаш 310 ҳазор нафар (1972), бо атрофи шаҳр 1,3 млн. нафар Порту бандари калон, узели му­ҳими роҳи оҳан ва маркази савдою саноат аст. Соҳаҳои асосии саноаташ: бофандагӣ (асосан матоъҳои пахта­гин), мошинсозӣ (киштисозӣ, электротехникӣ ва ғайра), винокашӣ (махсу­сан портвейн). Инчунин корхонаҳои саноати консерви моҳӣ, химия, шиша, коғаз, чарму пойафзол, дӯзандагӣ, заводҳои рехтагарию саноатӣ металлургияи ранга мавҷуданд. Университет (аз 1911) ва музей дорад. Дар шаҳр ёдгориҳои меъмории асрҳои 12—18 боқӣ мондаанд.

portu

Порту дар асри 1 то мелод бунёд ёфтааст. Римиён онро Портус-Кале номида буданд (номи Португалия низ аз ҳамин ҷост).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …