Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПОРТ-О-ПРЕНС

Шаҳри ПОРТ-О-ПРЕНС

ПОРТ-О-ПРЕНС      (Port-au-Prince), пойтахти Республикам Гаити. Маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Дар қисми ғарбии ҷазираи Гаити воқеъ гаштааст. Иқлимаш тропикӣ; ҳарорати миёнаи январ 25°С, июл 28°С; боришоти солона 1355 мм. Аҳолиаш бо атрофи шаҳр 494 ҳазор нафар (1978). Бандари калови баҳрии мамлакат, узели роҳи оҳан, мар­кази ноҳияи қаҳва, найшакар ва пахтакорӣ. Саноати хӯрокворӣ (асо­сан қанд), бофандагӣ, семент ривоҷ ёфтааст. Дар Порт-о.-Пренс Университети давлатии Гаити, 3 мактаби олии техникӣ, Консерваторияи миллӣ, Институти тадқиқоти илмии этнография, Китобхонаи миллӣ, Музейи миллӣ, Музейи халқҳои Гаити, Маркази бадеӣ мавҷуданд.

port_au_prince

Шаҳрро соли 1749 франсавиҳо бунёд кардаанд. Соли 1770 маркази маъ­мурии мустамликаи Сан-Домингон Франсия гардид. Охири асри 18 ба мар­кази муборизаи зидди мустамликадорӣ табдил ёфт. Аз 1 январи 1S04— пойтахти давлати мустақили Гаити.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …