Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПОРТ-ЛУИ

Шаҳри ПОРТ-ЛУИ

ПОРТ-ЛУИ (Port Louis), пойтахти давлати Маврикий. Маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Дар шимолу ғарби ҷазираи Маврикий воқеъ гаштааст. Иқлимаш тропикӣ; ҳарорати миёнаи феврал 26°С, август 19°С; боришоти солона 2000 мм. Аҳолиаш 150 ҳазор нафар (1980). Байдар дар соҳили уқёнуси Ҳинд; узели роҳҳои автомобилгард. Корхонаҳои саноати қанд, равған, тамоку дорад. Ба хориҷа қанду чой мебарорад. Дар Порт-Луи университети, Институти Маврикий, Китобхонаи Институти Мав­рикий ва дигар китобхонаҳо, музейҳо, нигористони бадеӣ, гербарий мавҷуданд. Шаҳр соли 1736 бунёд ёфтааст, аз 1968— пойтахт.

port-lui

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …