ПОРФИРИЙ (Porphyrios) тақрибан 233. Тир — тақрибан 304, Рим) файласуфи Юнони Қадим, намояндаи навафлотуния. Шогирди Плотин, ки асарҳояшро нашр кардааст; муаллифи тарчумаи ҳоли Плотин. Ҳамчун шореҳи Афлотун ва Арасту машҳур гаштааст. Рисолаи Порфирий «Муқаддима ба категорияҳои Арасту» (номи дигараш — «Дар бораи панҷ овоз», яъне панҷ аломати мафҳум — зот, навъ, фарқи навъӣ, аломати шахсӣ ва ғайришахсӣ, аломати тасодуфӣ) манбаи асосии шиносоӣ бо мантиқи Арасту дар асрҳои миёна буд, борҳо тафсир ва тарҷума шудааст. Дар мантиқ бо номи Порфирий ба истилоҳ шаҷараи Порфирий алоқаманд аст, ки робитаи серзинаи мафҳумҳои зотӣ ва навъиро ҳангоми тақсими дихотомӣ тасвир менамояд. Порфирий инчуннн муаллифи асарҳои зиёд доир ба математика, астрономия, таърих, грамматика ва ғайра буд. Асари калонҳаҷми ӯ «Бар зидди масеҳиён», ки кӯшиши аввалинест дар танқиди Таврот, соли 448 сӯзонда шуд (порчаҳояш боқӣ мондаанд).
Ад.: История философии, т. 1, М.. 1940.