Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОРОШИН Константин Титович

ПОРОШИН Константин Титович

poroshin_konstantin_titovich

ПОРОШИН Константин Титович (8. 01. 1907, Тамбов —13. 02. 1971, Душанбе), химик-органики советӣ, акад. АФ РОС Тоҷикистон (1960), аъзои КПСС аз соли 1939. С. 1931 Институти саноати ширро дар шаҳри Вологда хатм намудааст. Солҳои 1932—1936 аспиранти Митн саноати шири шаҳри Москва, 1936—1941 ходими калони илмии лабораторияи омӯзиши сафедаи АФ СССР, котиби илмӣ ва ҷонишини директори институти мазкур оид ба илм. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945). Солҳои 1945—1948 докторанти  Институти химияи органикии АФ СССР, баъд котиби илмӣ (1948—1955) ва ҷонишини акад.-котиби шӯъбаи илмҳои химияи АФ СССР (1955—1957). Солҳои 1957—1960 ходими калони ил­мии Институти химияи органикии АФ СССР, 1960—1971 ҷоиб-президенти АФ РОС Тоҷикистон. Дар як вақт вазифаи роҳбари илмии лабораторияи химияи пайвастҳои табииро иҷро мекард.

Тадқиқоти илмии орошин ба омӯзиши сафеда ва пептидҳо бахшида шудаанд. Равияи нави соҳаи химияи сафедаҳо — аз конденсатсияи аминокислотаҳою алкалоидҳо синтез кардани моддаҳои фаъоли физиологиро дар Институти химияи АФ РОС Тоҷикистон ба роҳ монд. Зери роҳбарии Порошин пептидҳои сохти регулярӣ синтез шуданд, ки дар асоси онҳо моделонии сохти фиброини моҳӣ, сафедаи гурӯҳи коллаген, гистонҳо ва ғайра муяссар шуд. Порошин муаллифи зиёда аз 180 асарҳои илмӣ ва шаҳодатномаҳои муаллифӣ мебошад. Солҳои зиёд аъзои ҳайати таҳририяи журнали «Ахборот»-и АФ СССР (серили химия) ва сармуҳаррири «Доклад»-ҳои АФ РОС Тоҷикистон буд.

Бо орденҳои Ситораи Сурх, «Нишони Фахрӣ», як қатор медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Советӣ Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ас.: Избранные труды в области хи­мии белка и пептидов, Д., 1977; Синтез полиаминокислот и регулярных поли­пептидов, Д., 1968. (ҳаммуал. бо В. А. Шибнев).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …