Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПОПУЛЯТСИЯ

ПОПУЛЯТСИЯ

population

ПОПУЛЯТСИЯ (аз лотинӣ populus — халқ, аҳолӣ) дар генетика, эко­логия ва таълимоти э в о лю­тси о н ӣ, ҷамъи фардҳои як намуд, ки муддати дароз дар як мақони муайян зиндагӣ ё нумӯ мекунанд. Фардҳои як Популятсия байни якдигар ҷуфтӣ шуда метавонанд. Хусусияти асо­сии Популятсия ягонагии генетикии он аст. Баробари ин ба фардҳое, ки Популятсияро ташкил мекунанд, гетерогении (ҳархелагии) генетикӣ (дар ҳадди генофонди ягонаи Популятсия) низ хос аст, ки ин ба шароитҳои гуногун мутобиқат пайдо кардами онҳоро муайян мекунад ва имконият медиҳад, ки аз ҷинати ирсӣ дигаргун шавад. Фард­ҳои Популятсия аз ҳамдигар бо синну сол, ҷинс, инчунин ба кадом фазаҳои даври ҳаёт мансубият доштанашон фарқ мекунанд. Шумораи фардҳои Популятсия на фақат дар байни намудҳои гуногун, балки дар дохили худи як намуд ҳам ҳар хел (одатан аз сад зиёд) мешав ад. Ҳудуди макони Популятсияро муайян кардан хеле душвор аст, зеро ки он доимо тағйир меёбад. Дар доираи Популятсия ҳамеша микроэволю­тсия рӯй медиҳад; аз ин сабаб омӯхтани масъалаҳои Популятсия, хусусан таркиби генетикии Популятсия, сохти миқдори фардҳои он ва ғайра аҳамияти калон дорад. Ин масъалаҳоро генетикаи популятсионӣ, экологияи популятсионӣ, биогеосенология тадқиқ менамояд. Гурӯҳҳои алоҳидаи ҳайвонҳои хонагӣ (зоти онҳо) ва растаниҳои боғӣ (навъҳои онҳо) низ бо истилоҳи «Популятсия». ифода мешаванд. Дар гистология, тиб ва микробиоло­гия ҳуҷайраҳои якхеларо Популятсия меноманд. Этнографҳо бошанд, дар зери истилоҳи «Популятсия». ҷамоаҳоеро мефаҳманд, ки байни онҳо ақди никоҳ бисёртар мешавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …