ПОЛИМЕРИЗАТСИЯ, чунин як просесси синтези полимерҳоро гӯянд, ки зимни он аз таъсири мутақобили молекулаҳои мономер (ё мономерҳо) одатан пайвастҳои хурдмолекулаи иловагӣ ташаккул намеёбанд. Полимеризатсия мусалсал ва зина ба зина мегузарад. Полимеризатсияи мусалсал бо ташаккул ва иштироки радикалҳои озод (Полимеризатсияи радикалӣ) ё ионҳо (Полимеризатсияи и о н ӣ) ба амал меояд. Дар Полимеризатсияи зина ба зина реакмия бо афзудани массаи молекулавии полимер дар чандин марҳила тадриҷан мегузарад.
Боқимондаи мономерҳои таркиби полимер звеноҳои содда (ё мономерӣ) ном доранд. Просесси Полимеризатсия аз се марҳила иборатаст: 1) ташаккули маркази фаъол; 2) дарозшавии силсилаи полимерӣ; 3) қатъи силсила. Ҳангоми Полимеризатсияи радикалӣ дар марҳилаи аввал барои ҳосил шудани радикалҳои озод шароит муҳайё мешавад. Чунин заррачаҳои (марказҳои) фаъол аз гарм кардани мономерҳо (Полимеризатсияи ҳароратӣ), аз таъсири рӯшноӣ (фотополимеризатсия), шуоафкании радиоактивӣ (Полимеризатсияи радиатсионӣ), реаксияҳои оксиду барқароршавӣ ба вуҷуд меоянд. Дар амалия барои ҳосил шудани радикалҳои озод аксар аз моддаҳои махсус — инитсаторҳо (пероксидҳо, гидропероксидҳо, пайвастҳои диазоаминӣ, ди-ва полисулфидҳо ва ғайраҳо) истифода мебаранд.
В. Кимсанов.