Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОЛИКРИСТАЛЛ

ПОЛИКРИСТАЛЛ

polikristall

ПОЛИКРИСТАЛЛ (аз поли… ва кристаллҳо), агрегатест аз анбуҳи резикристаллҳое (андозаашон аз, ки нисбат ба якдигар бетартиб ҷои гирифтаанд. Хосиятҳои Поликристалл ах рӯи хосияти донаҳои кристаллие, ки Поликристаллро ташкил медиҳанд, андозаи андаряки онҳо, самтгирии кристаллографии донаҳо ва сохти ҳудудии донаҳо муайян карда мешаванд. Агар донаҳо бетартибона ҷойгир шуда, андозаҳояшон аз андозаи Поликристалл хурд бошад, дар Поликристалл анизотропияи хосиятҳои физикии хоси монокристаллҳо зоҳир намешавад. Агар дар Поликристалл беш аз якто самтгирии кртсталлографии донаҳо мушоҳида шавад, пас Поликристалл ба текстура доро аст ва дар ин маврид хосиятҳои анизотрониро соҳиб мешавад. Ҳудуди муайяни байни донаҳо ба хосиятҳои физикӣ (махсусан, механикӣ)-и Поликристалл таъсири калон мерасонанд, зеро дар ин ҳудуд пароканиши электронҳои ноқилӣ, донаҳо, тормозонии дислокатсияҳо ва ғайраҳо ба амал меоянд. Поликристалл ҳангоми кристаллбандӣ, табдилоти полиморфӣ (дигао Полиморфизм) ва ғайра ташкил меёбад.

Ҳангоми аз ҳолати моеъ ба ҳолати кристаллӣ гузаштан дар модда якбора якчанд марказҳои кристаллбандӣ ба вуҷуд меоянд, ки боиси пайдоиши Поликристалл мегарданд. Донаҳои кристаллӣ аз як сӯ аз таъсири байниҳамдигарии ҳамсоядонаҳо, аз сӯи дигар ба сабаби дар ҳудуди байни онҳо мавҷуд будани ғашҳо ҳосил мешаванд. Дар байни донаҳои кристаллӣ атомҳо бетартиб ҷойгир шудаанд ва дар баъзе мавридҳо якбора якчанд ҳолати агрегатии моддаро мушоҳида кардан мумкнн аст. Ниг. низ Кристаллография.

Ад.: Шасколская М. П., Кристаллы, М., 1978.

Ш. Мавлонов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …