Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пастии ПОЛЕСИЯ

Пастии ПОЛЕСИЯ

polesia

ПОЛЕСИЯ (пастии Полесия), пастиест дар СССР, дар қисми ғарбии ҳамвории Европаи Шарқӣ. Дар ҳавзаи дарёҳои Прилят, Днепр ва Десна воқеъ гардидааст. Асосан вилоятҳои ҷанубии РССБ (Брест, Гомел ва Могилёв) — Полесияи Белорусс и я, вилоятҳои шимолии РССУ (Волин, Ровно, Житомир ва қисми шимолии вилоятҳои Киев, Черингов ва Суми) — Полесияи Украина ва як қисми РСФСР (вилояти Брянск) — Полесияи Брянску Жиздраро дар бар мегирад. Масоҳати умумии Полесия қариб 270 ҳазор км2; сатҳаш ҳамвор, ҷо-ҷо теппазор, аз сатҳи баҳр 100—250 м баланд. Қисми зиёди Полесия ботлоқзор, кӯлҳояш бисёр, дарёҳояш сустҷараён. Иқлими ин ҷойҳо мӯътадил; ҳарорати миёнаи январ аз —4 то —8°С, июл аз 17 то 19°С. Боришоти солона 560— 650 мм. Хоки заминҳои Полесия ботлоқию торфӣ ва марғзорӣ. Қариб 1/3 ҳиссаи майдони Полесияро бешаҳо (асосан бешаҳои санавбар) ва қариб 1/4 ҳиссаашро марғзорҳо ишғол кардаанд. Оид ба обёрии Полесия корҳои зиёде гузаронида мешаванд. Бисёр заминҳои азхудшуда ба ғаллазор (ҷавдор, ҷав, гандум), зироати техникӣ (зағир, канаб), сабзавоту хӯрокӣ чорво табдил дода шудаанд. Маъмултартн сарватҳои зеризаминии Полесия: нефт, ангишти бӯр, торф, намакҳои калий.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …