Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПОГОНОФОРАҲО

ПОГОНОФОРАҲО

ПОГОНОФОРАҲО (Pogonophara), як типи ҷонварони бемӯҳраи баҳриро гӯянд. Баданашон ришташакл буда, то 1 м мешавад. Погонофораҳо дар найчаҳои хитинии дароз, ки ду нӯгашон кушода аст, зиндагӣ мекунанд. Рӯда, даҳон ва мақъад надоранд. Хӯрокашон моддаҳои органикии дар об ҳалшуда (бо сатҳи бадан ва хусусан ҳассосакҳо ҷаббида мегиранд) мебошад. Погонофораҳо ҷудоҷинса будо, қариб дар ҳамаи баҳру уқёнусҳо (дар чуқурии аз То 10 км) паҳн шудаанд.

riftia_pachyptila

Зиёда аз 150 намудашон (аз 7 оила) маълум аст. Боқимондаҳои найчаи Погонофораҳо аз таҳнишастҳои баҳрии палеозои поён ёфт шудаанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …