Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПНОМПЕН

Шаҳри ПНОМПЕН

ПНОМПЕН, пойтахти Кампучия. Дар наздикии андароби дарёҳои Тонлесап ва Меконг воқеъ гаштааст. Иқлимаш субэкваторӣ, муссонӣ. Ҳарорати миёнаи январи 24,6°С, июл 27,5°С; боришоти солона 1475 мм. Аҳолиаш 500 ҳазор нафар (1984).

pnompen

Пномпен— бандари дарёи, узели роҳҳои автомобилгард; роҳи оҳан Пномпенро бо бандарҳои Кампонгсаом (Сиануквиль), соҳили халиҷи Сиами уқёнуси Ҳинд ва Бангкок (Таиланд) мепайвандад. Аэропорташ (Почентонг) аҳамияти байналхалқӣ дорад. Пномпен — шаҳри калон тарин, маркази сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании мамлакат. То соли 1975 дар Пномпен корхонаҳои автомобилсозӣ, таъмири киштию автомобил, саноати хӯрокворӣ (шолитозакунӣ, истеҳсоли равғани нахл ва ғайра), чӯбгарӣ, собунпазӣ, тамоку, бофандагӣ, инчунин банкҳо, ташкилотҳои тиҷоратию саноатӣ ва ғайра мавҷуд буданд. Шаҳр 5 университет, институти олии техникӣ (онро СССР сохта, ба халқи Кампучия тӯҳфа кардааст), институти буддоия ва дигар муассисаҳои илмӣ, китобхонаҳо, музейҳо, театри миллӣ дорад.

Пномпен тақрибан соли 1371 бунёд ёфтааст. Аз соли 1886— пойтахти протекторати Камбоҷа ва аз соли 1953— пойтахти Камбоҷаи мустақил. Дар даврад ҳукмронии Пол Пот (апрели 1975— январи 1979) Пномпен аҳамияти иқтисодию мадании худро гум кард. Дар ин ҷо, чун дар дигар шаҳрҳои мамлакат, қиркунии аҳолӣ сар шуд. Асосан интеллигенсия (муаллимон, духтурон ва дигарон шахсони соҳибмаълумот) кушта мешуданд. Қисми дигари аҳолӣ аз шаҳр зӯран ронда шуд. Вақте ки Пномпен аз полпотчиён озод гардид, дар он ҳамагӣ 5 ҳазор нафар аҳолӣ монда буд. Аз соли 1979 аа нав барқарор кардани шаҳр оғоз ёфт. Зиёда аз 30 корхонаи саноатӣ, муассисаҳои илмй, беморхонаҳо ба кор даромаданд (янваори 1980). Фирориён боз ба Пномпен баргаштанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …