Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПЛОВДИВ

Шаҳри ПЛОВДИВ

plovdiv

ПЛОВДИВ, шаҳрест дар қисми ҷанубии Булғория, дар соҳили дарёи Маритса. Маркази маъмурии округи Пловдив. Аз ҷиҳати калонӣ ва аҳамияти иқтисодию маданӣ баъди София дуюмип шаҳри мамлакат аст. Аҳолиаш 300 ҳазор нафар (1975). Уэсли нақлиёт. Маркази муҳими саноати мошинсозӣ ва электротехникӣ (истеҳсоли электромоторҳо, аппаратураҳои электронӣ, мошинҳои чӯбкоркунӣ). Инчунин корхонаҳои саноати хӯрокворӣ (консерви меваю сабзавот, қаннодӣ, тамоку ва ғайра), бофандагӣ (истеҳсоли матоъҳои пахтагин ва абрешимии), дӯзандагӣ, чарму пойафзол, шиша, коғазу селлюлоза ва химия (фармасевтика, истеҳсоли воситаҳои муҳофизати растанӣ, равғани эфир) мавҷуданд. Дар наздикии шаҳр комбинати калони сурбу руҳ ҳаст. Дар Пловдив аз соли 1933 ин ҷониб ҳар сол моҳи сентябр виставка-ярмаркаи байналхалқӣ гузаронида мешавад. Институтҳои тиббӣ, хоҷагии қишлоқ, хӯрокворӣ, институтҳои тадқиқоти илмии сабзавоткорӣ, мевапарварӣ ва саноати хӯрокворӣ, музейҳои археологӣ, этнографӣ, нигорисгони бадеии шаҳрӣ, театрҳои драма ва операи халқӣ дорад. Ёдгориҳои меъмориаш: Масҷиди ҷомеъ (асрҳои 15—16), калисои Константин ва Елена (1832), Қасри ақди никоҳ (1962), меҳмонхонаи «Марица» (1967), ёдгорӣ ба Армияи Советӣ бо номи «Алёша» (1955—57) ва ғайра.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …