Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Плани таълим

Плани таълим

Плани таълим, плани хониш ҳуҷҷатест, ки фанҳои таълимии донишгоҳ тақсимоти онҳо ба солҳои таҳсил, миқдори соатҳои ҳафтаина ва солонаи ҳар фанро му­айян менамояд. Плани таълими мактабҳои маълумоти умумии Россияи тореволютсионӣ асосан хусусиятҳои синфӣ ва табақавиро ба назар мегирифт. Плани таълими мактабҳои ашрофзодагон до­дани донишеро, ки барои гирифтани маълумоти олӣ зарур аст, пешбинӣ мекард. Плани таълими мактабҳое, ки дар онҳо фарзандони меҳнаткашон мехонданд, маҳдуд буд, маълумоти ҳаматарафа намедод. Мактабҳои кӯҳнаи аморати Бухоро тамоман Плани таълим надоштанд. Ҳар омӯзгор мувофиқи равияи дониши худ аз рӯи китобҳои пешина дарс мегуфт. Миқдори дарсҳо, танаффус, таътил ва ғайраро низ худи омӯзгор муқаррар мекард.

Дар СССР ва дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ дар мактабҳои маълумо­ти умумӣ Плани таълими ягона ҷорӣ шуда­аст. Плани таълими мактаби советӣ ба тарбияи коммунистии насли наврас, додани маълумоти умумӣ ва политехникӣ, инкишофи ҳаматарафаи хо­нандагон, омода кардани онҳо ба ҳа ёт, меҳнат ва таҳсил дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ нигаронда шудааст. Соатҳо барои омӯзиши ин ё он фан дар Плани таълимӣ вобаста ба аҳамияти онҳо ҷудо карда мешаванд, Плани таълимии мактабҳоро вазоратҳои маорифи халқи республикаҳо тасдиқ мекунанд. Дар Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР Плани таълимӣ мунтазам такмил дода мешавад.

Дар як қатор мамлакатҳои капиталистӣ мактабҳои маълумоти умумӣ Плани таълимии ягона надоранд. Дар Британиян Кабир, Республикаи Федеративии Германия ва дигар мамлакатҳо Плани таълимӣ фақат барои қабулм фарзандони сарватдорон ба мактабҳои олӣ роҳ мекушояд. Дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка ҳар штат барои худ Плани таълимӣ  мураттаб менамояд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …