Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПЕЗА

ПЕЗА

ПЕЗА (аз юнонӣ piezo — мефишурам), воҳиди фишор ва шиддати ме­ханикӣ дар системаи воҳидҳои МТС. Ифодаи русиаш пз, байналхалқиаш pz. Пеза ададан ба фишоре баробар аст, ки ҳангоми ба ҳамвории масоҳаташ 1 м2 мунтазам таъсир расондани 1 стен қувваи ба он нормал ҳосил мешавад. 1 пз = 1000 Н/м2 (Па) == 0,0102 кгқ/м2. Ҳоло дар амалия системаи воҳидҳои МТС, аз ҷумла Пеза, истифода намешаванд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …