Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Первоуралск

Первоуралск

Первоуралск, шаҳрест дар вилояти Свердлови РСФСР. Дар соҳили дарёи Чусовая (шохоби Кама) воқеъ аст. Стансияи роҳи оҳан. Аҳолиаш 129 ҳазор нафар (1979). 3аводҳои қубурсозӣ, таҷҳизоти кон, тех­нологӣ, масолеҳи техникаи санитарӣ, конструксияҳои оҳану бетонӣ дорад. Дар Первоуралск факултети умумитехникии Институти политехникии Урал ва техникуми шабонаи металлургӣ ҳаст.

Первоуралск соли 1732 ба туфайли сохтмони заводи оҳангудозӣ (аз 1920 кқубурсозӣ) бунёд ёфтааст, аз соли 1933—шаҳр.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …