Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Первенсев Аркадий Алексеевич

Первенсев Аркадий Алексеевич

Первенсев Аркадий Алексеевич (26. 1. 1905, деҳаи Нагут, ҳозира Нагутскии кишвари Ставропол — 30. 10. 1981), нависандаи советии рус. Аз оилаи муаллим. Аъзои КПСС аз соли 1950. Дар Омӯзишгоҳи олии техникии ба номи Баумани Москва таҳсил кардааст (1929—1933). Асарҳояш аз соли 1937 чоп шудаанд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) муҳбири «Известия». Романи аввалипӯнаш «Кочубей» (кит. 1—2, 1937) дар бораи Каҳрамонони Ҷанги граждании 1918 —1920 ҳикоят мекунад.

Дар романҳои Первенсев «Замини оташин» (1945) ва «Шараф аз ҷавонӣ» (1948, Мукофоти давлатии СССР, 1949) каҳрамонии одамони советӣ дар мубориза ба муқобили фашизм инъикос ёфтааст. Муаллифи маҷмӯаи ҳикоёти «Духтаре аз Тамани» (1959), романҳои «Матросҳо» (1961), «Ҳумо, паррандаи хушхабар» (1963), «Шохаи зайтун» (1965), «Фронти махфӣ» (1972), сенарияи филмҳои «Зарбаи саввум» (1948, тахрири дуюм «Маркази ҷанубӣ») ва ғайра. Бо ордени Ленин, 4 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ад.: Аркадий Первенцев. Критико-би­ографический очерк, Краснодар, 1960.  Русские советские писатели-прозаики. Биобиблиографический указатель, т. 3, Л.’,

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …