Перовская Софя Лвовна (13. 9. 1853, Петербург — 15. 4. 1881, ҳамон ҷо), револютсионери рус, халқчӣ. Аз оилаи дворянҳо. Соли 1869 ба курси занонаи Аларчинск (Петербург) дохил шуд. Солҳои 1872—1873 ва 1874—1877 барои «ба байни халқ» рафтан тайёрӣ дида, дар губ. Самара, Твер, Симбирск кор кард ва соҳиби дипломи муаллимаи халқӣ гардид; курси фелдшериро хатм намуд. Соли 1873 дар Петербург дар байни коргарон пинҳонӣ пропаганда мебурд. Тобистони 1878 узви иттифоқи «Замин ва озодӣ» гардид ва баъди чанде ба ҳабс гирифта шуд, вале худи ҳамон сол аз ҳабс гурехт.
Аз соли 1879 аъзои Комитети иҷроияи “Народная воля”. Перовская ба корҳои ташкилии партия машғул шуда, дар байни студентон, ҳарбиёи, коргарон пропаганда мебурд. Дар ташкили «Рабочая газета» иштирок намуд. Се маротиба дар тайёр кардани суиқасди зидди Александри II иштирок кард. 10 марти 1881 барои иштирок дар суиқасди зидди подшоҳ Александри II ҳабс карда шуд. Перовская дар Россия нахустин зане буд, ки барои фаъолияти сиёсӣ ба қатл расонда шуд.