Маълумоти охирин

Перлит

Перлит (аз франс. реrlе — марворид), шишаи вулцқонии турш, ки ҳангоми шикастан парра-парра ҷудо мешавад. Резаҳои хурди он баъзан чун марворид ҷило медиҳанд. Перлит аз ҷиҳати  таркиб бо лаваҳои турш — липаритҳо, даситҳо ва ғайра мувофиқат некунад. Дар вақти тез  тафсонидан оби Перлити майдакардашуда ба буғ табдил меёбад ва худи ҷинс мулоим шуда, ҳаҷмаш то 10— р- 20 маротиба меафзояд.

Ҳарорати дамиши Перлит 850—1000°С (баъзан то 12004}), Перлити дамидаро барои тайёр кардани  бетони сабук (перлитобетон) ва  маснуоти гарминогузар (бо иловаи  битум, силикат, сафол ва ғайра) истифода мебаранд. Перлити дамида инчунин  дар хоҷагии қишлоқ, саноати химия, коркарди нефт, хӯрокворӣ, дорусозӣ, шиша ба кор меравад. Дар СССР қабатҳои , ғафси шишаҳои  вулқонӣ (Перлит ва обисидиан) дар Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон (дар  нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Қурама), Забайкалия, Примория ёфт шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …