Паталогияи селлюлярӣ (аз лотинӣ cellula — ҳуҷрача, дар ин ҷо ҳу- ҷайра), назарияи тиббиест, ки мувофиқи он заминай моддии ҳама гуна беморӣ ҳуҷайра мебошад. Нуқтаҳои асосии Патологияи селлюляриро Р. Вирхов солҳои 1855—58 баён намуда, ба он бунёд гузошт. Нуқтаҳои асосии назарияи Вирхов инҳоянд: 1) ҳуҷайра элементи ниҳоии морфологии Т31М0МИ организмҳои зинда аст ва берун аз он на касалӣ вуҷуд дораду на сиҳатӣ.
2) Ҳар як ҳуҷайра аз ҳуҷайра пайдо мешавад. 3) Ҳар як мавҷудотн зинда гӯё «мулки ҳуҷайравӣ» аст, яъне маҷмӯи воҳидҳоест, ки дар кадоме ҳамаи унсурҳои барои ҳаёт зарурро доранд. 4) Дар организм маркази анатомию физиологие, ки фаъолияти унсурҳои алоҳидаро идора кунад, вуҷуд надорад; ягонагии организм танҳо ба сохти доимо такроршавандаи ҳуҷайра вобаста аст. 5) Ҳар як ҳуҷайра мустақил аст; тағйирот танҳо дар доираи як ҳуҷайра ба вуқӯъ меояд. 6) Тамоми патология ин патологияи ҳуҷайра аст; беморӣ иллати фақат як ҷой аст ва агар духтур ҷои иллатро муайян карда натанвонад худи бемориро ҳам ташхис карда наметавонад. Материалҳои зиёде, ки асоси Паталогияи селлюляриро ташкил ме- кунанд, боиси инкишофи яқ қатор соҳаҳои тиб гардиданд. Вале Вирхов ва хусусан пайравони ӯ дар мавқеи материализми механистӣ меистоданд. И. М. Сеченов ва дигар олимони пешқадами рус нуқтаҳои «омили яккаву ягона» будани ҳуҷайра, инкори алоқаи байни организм ва муҳит, инкори омилҳои гормоналӣ ва асабро ҳаққонӣ танқид карданд.