Маълумоти охирин

Пастӣ

Пастӣ, қитъаи заминест, ки дар баландии то 200 метр аз сатҳи уқёнус воқеъ гаштааст. Сатҳаш одатан ҳамвор, баъзан теппадор мешавад. Пастӣ бештар дар натиҷаи фурӯравиҳои тектоникӣ ва бо тахнишастҳои баҳрӣ е континентӣ (аксар дарёӣ) пур шудани пастхамӣ ба вуҷуд меояд Пастиҳое низ хастанд, ки аз сатҳи уқёнус поёнтаранд (масалан, Пастии Назди Каспий). Пастиҳои калонта- рини ҷаҳон инҳоянд: Амазонка, Си­бири Ғарбӣ, Парана ва ғайра.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …